ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "КӮМАКРАСОН"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани як мавзеи шаҳр субҳи 3-юми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» бо роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоӣ Самизода Санавбар дар майдони Ваҳдат шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Зимни баргузории шанбегии дастаҷамъона гирду атрофи майдон ва роҳраву гулгаштҳо аз ҳар гуна партовҳо тозаю озода гардида, бо ин амал аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии шаҳр саҳми назарраси худро гузоштанд.