ПАЁМ - САОДАТИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Дар доираи нақша-чоранибиҳои Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтиодии ҳизбии "Саодат" бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроия ХҲДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар шаҳр Раҳимов Охун вохӯрӣ бо аъзоён ба анҷом расид.
Дар баромади худ Ойбек Ашуров раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Саодат" (ҶСК "Коллеҷи тиббӣ-иноватсионӣ") қайд карданд, ки нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас ва алалхусус кадрҳои ҷавони соҳаи тиб хеле муҳим аст. Зеро, ки роҳбари давлат бисёр диққат ва дастгирии калони худро ба соҳаи маорифу тандурустӣ равона кардааст.
Тасдиқи ин гуфтаҳост, ки чун дар Паём муҳтарам Президент зикр карданд: "Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад".
Ҳамчунин дар назди ҳозирин Саидзода Раҳмон муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳр баромад намуда қайд карданд, ки дар ваъзияти имрузаи ноороми ҷаҳон бояд зиракии сиёсиро аз даст надод ва дастгирии худро дар сиёсати мардумӣ ва ватандустии муҳтарам Пешвои миллат дареғ надошт.

Ҳамчунин дар бобати қисми ба тиб ва тандурустӣ нигаронидаи Паём гуфта шуд, ки ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Моҳи декабри соли 2023 бошад бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати кору фаъолият дар соҳаи тандурусти мебошад!