АЁДАТИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

     Дар арафаи ҷашну идҳо аз беморони барҷомондаву бистарӣ  хабар гирифтан ва ба онҳо кӯмак расонидан амали хайру савобест.   

 Бо ин мақсад аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Роҳнамо” дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли нави мелодӣ бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ (мудири шуъбаи маориф) Абдуназарзода Шоиста як қатор собиқадорони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар, ки айни замон дар бистари беморӣ мебошанд, аёдат намуданд.

  Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони аёдатшуда то давраи беморӣ дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти пурсамар намуда, шогирдони зиёдеро таълиму тарбия намудаанд.