КӮМАКИ ВАКИЛ БА НИЁЗМАНДОН

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
   Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали савоб буда, яке аз анъанаҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Хушбахтона, имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру супоришҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст пайваста анҷом дода мешавад.
  Ба ин хотир дар арафаи Соли нави мелоди аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҲХДТ, Асадуллоева Мадина аз ҳавзаи интихоботии №24-и шаҳри Бохтар дар ҳамбастаги бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ба як қатор оилаҳои осебпазиру маъюб кумаки модӣ аз қабили орд, равған, пиёз, картошка, шакар ва биринҷ расонида шуд.