АКСИЯИ ТОЗАГӢ ВА НИҲОЛШИНОНӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  Тибқи нақша чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии"Роҳнамо" (Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар) 23 - юми декабри соли ҷорӣ дар заминҳои вобасташуда ва муассисаҳои таълимӣ аксияи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар аксия раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ,  Абдуназарзода Шоиста, кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.
Инчунин, вобаста ба аксияи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва муассисаи давлатии таълимии томактабии №7 аз ҷониби Раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб, мудири шуъбаи маориф Абдуназарзода Шоиста ва дигар кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар 100 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 100 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.