"САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН "

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зери унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман", аксияи тозагӣ баргузор карда шуд.
Субҳи 11-уми декабри соли 2023 дар якҷоягӣ бо таълимгирандагони Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Бохтар, бо мақсади тозаю озода намудани гирду атрофи шаҳр, як қатор корҳои тозагию ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Боиси тазаккур аст, ки бо ҷалби 20 нафар волонтёрони ҳизбӣ, ки иштироки фаъолона доштанд, онҳо дар кӯчаҳо тақсим гардида, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз партовҳо тоза намуданд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории аксияи тозагии маҳал зери унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман " бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ ҳамарӯза дар маҳаллаҳои шаҳр баргузор мегардад.