ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ФУРУҒ"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
    Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фуруғ", (ДДБ ба номи Н.Хусрав) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 23-юми ноябр даври ҷамъбастии мусобиқаи волейбол миёни ҷавонодухтарони факултаҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар мусобиқаи волейбол ҷавондухтарон ба 14 даста тақсим гардида, миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Баъд аз баргузории мусобиқа беҳтарин дастаи волейболбозон муайян гардид.
Ҷойи аввал насиби дастаи волейболбозони факултаи Варзиш гардид. Мақоми дуюмро бошад дастаи факултаи забони Англисӣ ва ҷойи сеюмро тими факултаи Физика соҳиб шуданд.
Дар ҷамъбаст ғолибони мусобиқа бо диплому медалҳо, ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.