МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАХШИДА БА 29- СОЛАГИИ ҲХДТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
        Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша чорабинихои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фуруғ”-(Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав), бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бозии волейбол байни ҷавондухтарон баргузор гардид.
        Дар ин чорабинии варзишӣ муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Фуруғ” Шарипов Маҳмадкарим, Ғафурзода Рухсора, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Роҳила Давлатова, мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ширкат намуданд. Тазаккур бояд дод, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. ҲХДТ ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташакули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳама навъҳои он мусоидат менамояд. Ёдовар мешавем, ки бозии варзишӣ байни 12 факултаҳои донишгоҳ баргузор гардида ғолибонро дар давраи ҷамъбастӣ бо мукофотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадр хоҳанд кард.