КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИ МИЁНИ СОКИНОН.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
 
Санаи 25-уми октябри соли равон волонтёрони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Ҷумахон Меҳмондустзода иштирок намуданд. Волонтёрони ҳизбӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, Давлатов Наҳтулло ба ду гуруҳ тақсим гардида, барои насби варақаҳои таблиғотӣ дар пештоқи биноҳои баландошёна, инчунин вобаста ба маданияти шаҳрдорӣ ба тақсими буклетҳо варақаҳо баромаданд. Дар аксияи мазкур аз ҷониби волонтёрони ҳизбӣ дар баробари часпонидани варақаҳои таблиғотӣ дар пештоқи биноҳои баландошиёна, инчунин вобаста ба маданияти шаҳрдорӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани он 750 адад варақа миёни сокинони шаҳр тақсим карда шуданд.