САҲМИ АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ОБОДОНИИ ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 14-уми октябри соли 2023 аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҳама кӯчаҳои шаҳри Бохтар шанбегии дастаҷамъона доир намуда, барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаи худ, нарм намудани заминҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф, барои боз ҳам зеботар намудани маркази вилоят пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Имрӯз, ки мо дар остонаи асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем. Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани он қарзи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Баргузор намудани чунин шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумии дастаҷамъона баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии як гӯшаи диёри азизамон минбаъд низ дар назар аст.