ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯзҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён доранд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегиҳо бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ҳар ҳафта доир гардида, аҳли кормандони ташкилоту муассисаҳо дар якҷоягӣ саҳми арзандаи хешро дар тозаю озода намудани муҳити табиат, ободӣ ва гулгушукуфоии шаҳри Бохтар мегузоранд.
Бо ин мақсад санаи 7-уми октябри соли 2023 аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар кӯчаи Борбад шанбегии дастаҷамъона доир намуданд, барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаи худ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи муассисаро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуда, ба ороиши гулҳои мавсимӣ пардохтанд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ободонии марказии шаҳр фаъолона ширкат варзида, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.