АЁДАТ ВА РАСОНИДАНИ КУМАКИ ВОЛОНТЁРӢ БА ИШТИРОКЧИИ ҶБВ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Бохтар: Созандагони ватан  
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар санаи 30-юми августи соли ҷорӣ дар баробари баргузор намудани аксияи тозагии маҳал, як гуруҳи волонтёрони ҳизбӣ бо роҳбарии мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар-Давлатова Роҳила бахшида ба Рӯзи забон барои аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Алиев Зайнулло рафтанд.
Зимни аёдат волонтёрон ба тоза намудани бехҳои дарахтон аз навдаҳои хушкшуда, нарм намудани заминҳо ва бехҳои дарахтон, майда намудани ҳезумҳо ва дигар корҳо машғул гардида, ба аҳли оилаи Алиев Зайнулло кумаки волонтёрӣ расониданд.
Дар охир Алиев Зайнулло-иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо рӯҳбаланди ва миннатдорӣ аз дастгирӣ ва ғамхории волонётрон изҳори миннатдорӣ карда, шукргузори аз фазои сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон намуда, баҳри таҳкими сулҳу субот ва осудагии кишвар дасти дуо бардошта, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.