БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР ЛИТСЕЙИ “ОРИЁНО”-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади амали намуданӣ нақшаи амалиёти муштарак байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар литсейи Ориёно”-и шаҳри Бохтар «Соати сиёсӣ» баргузор гардид.
Дар ин «Соати сиёсӣ» асосан дар мавзуҳои - “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни хонандагони синфҳои болои баргузор гардид.
Зимни баромадҳо қайд гардид, ки “Соати сиёсӣ” дарси кушодест, ки баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии хонандагон буда, чунин вохӯриҳо баҳри ташаккули зеҳнӣ ва тарбия ёфтани хонандагон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ заминагузор мебошад.