ИДОМАИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунию сангфаршкунии роҳҳои маҳаллаҳои шаҳри Бохтар бо маром идома доранд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо мақсади таъмини шароити мусоид бо ҷалби сокинони маҳаллаи Баҳор роҳҳои маҳаллаи мазкур мумфарш карда шуда, симои шаҳр боз ҳам ободу зебо ва рафтуомади сокинону воситаи нақлиёт боз ҳам осон гардид.