САҲМИ АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ОБОДОНИИ ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бояд ёдовар шуд, ки ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегиҳо бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ҳар ҳафта доир гардида, аҳли кормандони ташкилоту муассисаҳо дар якҷоягӣ саҳми арзандаи хешро дар тозаю озода намудани муҳити табиат, ободӣ ва гулгушукуфоии шаҳри Бохтар мегузоранд.
Бо ин мақсад санаи 23-юми сентябри соли 2023 аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар кӯчаи Борбад  барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаи худ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи муассисаро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуда, ба ороиши гулҳои мавсимӣ пардохтанд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ободонии маркази шаҳр фаъолона ширкат варзида, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.