ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ТЕАТРИ БА НОМИ АТО МУҲАММАДҶОНОВ"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳр, гулгашту майдонҳо санаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Театри ба номи А. Муҳаммадҷонов"  шанбегии дастаҷамъона доир карда шуд.

Дар ин рӯз аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати тозаю озода намудани назди бинои театр дар ҳашари умумӣ иштироки фаъолона дошта, гирду атрофи бино, бехҳои дарахтон ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафу партовҳо тоза намуданд.