БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони шаҳр дар ҳама кӯчаҳои шаҳри Бохтар шанбегии дастаҷамъона доир намуда, барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаи худ заҳмати софдилона кашида, баҳри зебову хуррамгардонии гирду атроф, барои боз ҳам зеботар намудани маркази вилоят саҳми арзандаи худро дар ободонии шаҳр гузоштанд.
Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани он қарзи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Баргузор намудани чунин шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумии дастаҷамъона баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии як гӯшаи диёри азизамон минбаъд низ дар назар аст.