ШАҲРАМОНРО ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ МЕДОРЕМ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар cанаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ баҳри беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист ва тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр бо иштироки волонтёрони ҳизбӣ аксияи тозагӣ зери унвонии “Шаҳрамонро тозаю озода нигоҳ медорем!” баргузор карда шуд.
Дар аксияи мазкур волонтёрон иштироки фаъолона дошта, корҳои тозакуниро дар атрофи биноҳои маъмурӣ, роҳраву гулгаштҳо ва паҳлӯҳои роҳҳо гузарониданд.
Дар натиҷа зарфу ашёҳои полиэтиленӣ ва дигар партовҳои аз гирду атрофи кӯчаву маҳал ва биноҳои маъмурӣ ҷамъоваришуда ба партовгоҳҳо бароварда шуданд.
Баргузории чунин аксия дар баробари тоза гардидани муҳити зист, инчунин дар баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинии сокинони шаҳр мусоидат менамояд, чунки тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳифзи табиат қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати асосии ватандорӣ ба шумор меравад.
Баргузор намудани чунин аксияҳо баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар минбаъд низ дар назар аст.