ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛАИ ИСТИҚЛОЛИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар идомаи корҳои ободонию созандагӣ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Бохтар низ таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунию сангфаршкунии роҳҳо бо маром идома доранд.
Бо ин мақсад дар асоси дастуру роҳнамоии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” роҳи маҳаллаи Истиқлоли кӯчаи Ваҳдат ҳамвору азнавсозӣ карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки корҳои азнавсозӣ ва сангфаршкунию мумфаршкунии роҳҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани симои маркази маъмурии вилояти Хатлон бо маром идома доранд.