Имрӯз дар Филиали ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" дар шаҳри Бохтар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила, аъзои ҲХДТ ва кормандони филиал иштирок доштанд.(1).jpeg)
(1).jpeg)
Пас аз қабули қарорҳои дахлдор доир ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва муовин бо пешниҳоди кормандон ташкилоти ибтидоӣ "Интиқоли барқ” номгузорӣ карда шуд.
Сипас, Давлатова Роҳила намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба сухан баромада, нахуст аҳли иштирокчиёнро аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба муносибати таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Интиқоли барқ” шодбош гуфта, доир ба таърихи таъсис, мавқеи имрӯзаи ҳизб ва дастовардҳои он таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар кард. – Ҳамаи он комёбиҳое, ки дар даврони солҳои Истиқлолият ба даст омаданд, ба номи ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот доранд.
Ҳизби мо бо барномаи фарогири хеш ба ҳамаи орзую омоли мардум расидагӣ мекунад. Масъалаи доғ ва мушкилоте нест, ки аз доираи фаъолияти ҲХДТ дар канор монда бошад. Ҳамин аст, ки оммаи васеи мардум аз ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд, тақдирашонро бо он мепайванданд, аз тариқи он дар корҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат фаъолона иштирок мекунанд, -гуфт зимни баромади худ Давлатова Роҳила.
Дар охир ба як қатор кормандони ташкилоти ибитидоӣ шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супорида шуд.