Санаи 15 сентябри соли ҷорӣ дар маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси шаҳр Меҳмондӯстзода Ҷумахон ва раиси маҳалла бо сокинони маҳаллаи мазкур вохӯрӣ гузаронида шуд.
Мақсади асосии баргузории вохӯрӣ ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони синну соли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ буда, Иброҳимзода Неъматулло раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар зимни суханронӣ қайд намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозист. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд ба ҳисоб рафта, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Бояд ҳар як падару модар фарзандонашонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд. Зеро ҳамаи мо дар назди халқу Ватан вазифадорем, ки сулҳу ваҳдат ва Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.
Меҳмондӯстзода Ҷумахон аз вазъи мураккаби нооромиҳои ҷаҳон ёдоварӣ намуда, барои даъват намудани ҷавонони синну соли даъватӣ аз ин маҳалла нигаронӣ намуд.
Дар идома масъалаҳо доир ба пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву арҷгузорӣ намудан ба муқаддасоти давлатӣ, нашъаҷаллобӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зиддибуҳрониву муқовимат бо коррупсия ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳр гуфта гузаштанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ волидонро ҷиҳати сафарбар намудани фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ дар мавсими тирамоҳӣ даъват намуданд.