ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳр аз ҷониби Ташкилоти ҷамъияти "Дилафрӯз" –и вилояти Хатлон дар арафаи таҷлили ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1-нафар сокини шаҳри Бохтар Абдулова Муродгул аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

Ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳоро мебояд, дар фазои сулҳу оромӣ бо истифода аз шароиту имконоти фарохи илмомӯзӣ таҳсил намуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд. Дар охир сокини шаҳри Бохтар Абдулова Муродгул миннатдории худро ба Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.