САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК

Бохтар: Андеша  
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
                                                         Эмомалӣ Раҳмон
 
Аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммади Хоразмӣ, Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Имом Абуҳанифа, Насриддини Тӯсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷамшеди Кошонӣ ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хидматҳои бузург кардаанд.
Дар замони муосир баъд аз ба даст овардани Истиқлоли сартосарӣ, баракати сулҳу ваҳдати комил ва талошу заҳматҳои хастанопазири Пешвои маорифпарвару илмдӯсти тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик рушд намуду ҷавонон пайи омӯзиши илму адаб гардиданд. Эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” ҳазорҳо ҷавононро ба сӯйи китобу китобхонаҳо равон намуд.
Ҷавонони тоҷик бо аз бар намудани илмҳои замони муосир ҳамчун сипари боэътимод дар ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ саҳмгузоранду дар раванди давлатсозӣ ба таври назаррас кӯшишу талошашонро мекунанд. Бузурге мегӯяд: “Илм нури чашм асту ғизои хирад”. Пас месазад то дар ҷустуҷӯи илм ҷаҳду талош намоем ва ба ин васила роҳи зафармандонаи ҳаётамонро сохта бошем.
Бисёр хушнудкунанда аст, ки вақте мешунавем ҷавони тоҷик дар озмунҳои сатҳашон минтақавию байналмилалӣ иштирок ва ғолиб мебароянду парчаму обрӯи кишварамонро баланд мегардонанд. Бешак, ҷавони соҳибдонишу соҳибмаърифат аз ҷавони дур аз илму адаб афтода фарқияти зиёде дорад. Соҳибдониш ҷоҳил намешаваду некиро шиори ҳаёташ мегардонад ва дар муносибат бо мардум низ фарқкунанда аст.
Таҳти ғамхориву талошҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, квотаҳои президентӣ барои ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, бунёду азнавсозии донишкадаву донишгоҳҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боис ба рушди илми тоҷику маънавиёти ҷавонон гардид.
 
Шарафи одамӣ чу аз илм аст,
Ҳар кӣ доност, бандаи ӯям.
В-он ки бе илм мансабе ҷӯяд,
Мансаби ӯст мабразе гӯям...
                                 Амир Хусравӣ Деҳлавӣ
 
Далер Солиев, аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Устод"