Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб бо мақсади бештар ҷалб намудани сокинони шаҳр барои кор дар ҶСК НБО “Роғун” бо мардикорони шаҳри Бохтар вохӯрии судманд доир карда шуд, ки дар он Саидзода Раҳмон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва намояндагони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки НБО Роғун иншооти тақдирсоз, омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мебошад. Оғози фаъолияти нерӯгоҳ муҳимтарин рӯйдоди таърихи давлатдории мардуми тоҷик аст ва он дар солномаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи Тоҷикистонро ба нерӯи барқ пурра қонеъ намуда, ба рушди иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмонаш бо маром идома дошта, дар он мутахассисони ботаҷриба кору фаъолият намуда, ҳамеша барои пешравии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар охири вохӯрӣ ба як чанд нафар шаҳрвандони шаҳри Бохтар роҳхат барои кор дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” дода шуд. Иқдоми мазкур минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.