КУМАК БА ЯТИМОНУ ЭҲТИЁҶМАНДОН

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дастгирии  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» Ҳамзаев Аловидин ба 100 нафар эҳтиёҷмандон ва ятимон кумаки яквақтаина, аз қабили орд, равған, биринҷ ва маблағҳои пулӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло низ иштирок намуда, оид ба кишту кори баҳорӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» суҳбат намуданд.