ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯзҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо сокинони шаҳр низ дар як қатор корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Бо ин мақсад бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, соҳибкорон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳи байни маҳаллаи Ваҳдат мумфарш карда шуд.