АКСИЯИ ТОЗАГӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар санаи 26 - уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони соҳаи маориф дар кӯчаи марказии шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ аксияи тозагӣ доир гардид.
Дар шанбегӣ кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Аз ҷониби масъулин гирду атрофи заминҳои вобасташуда ва муассисаҳои таълимӣ тоза гардида, дарахтон ва гулҳо об дода шуд.