ОБОДИИ ШАҲР МАРОМИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо ташаббусҳои созандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар баробари бунёд гардидани иншооти гуногун, аз ҷумла сохтмони биноҳои баландошёна, таъсиси корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дорои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳои маҳаллӣ низ идома дорад.
Бо ин мақсад аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” соҳибкорону сокинон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳо роҳи маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф ҳамвору азнавсозӣ карда шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки корҳои азнавсозӣ ва сангфаршкунию мумфаршкунии роҳҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани симои шаҳр бо маром идома доранд.