ОБОДИИ ШАҲР МАРОМИ МОСТ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи дастуру супоришҳои узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Бохтар узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло санаи 5-уми август дар тамоми мавзеъҳову гӯшаҳои шаҳри Бохтар баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр бо иштироки аксарияти роҳбарон, кормандону сокинони шаҳр, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии дастаҷамъона доир карда шуд. Ҳифзи табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи шаҳр ба ҳар як инсон вобастагии калон дошта, қарзи ҳамешагии мо, сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин шанбегиҳои дастаҷамъона баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон буда, иштироки фаъолонаи онҳо нишонаи баланди маданияти шаҳрдорӣ мебошад.