ШАНБЕГИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 5-уми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” дар кӯчаи марказии шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ шанбегии дастаҷамъона доир гардид. Дар шанбегӣ инчунин раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Абдуназарзода Шоиста, кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар ободонии як мавзеи шаҳр гузоштанд.
Аз ҷониби масъулин гирду атрофи мавзеъҳои вобасташуда ва муассисаҳои таълимӣ тоза гардида, бехҳои дарахтон ва гулҳо нарм гардида, об дода шуданд.