ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР КӮЧАИ БОРБАД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 29-уми июли соли ҷорӣ аъзоён ва ҷонибдорони як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз қабили “Соҳибватан”, “Номбардори ватан” ва “Варзиш” бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ дар назди бинои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд.
Аъзоён дар шанбегӣ бехҳои дарахтони сояафкан ва гулҳои ороиширо нарм намуда, роҳраву гулгаштҳо ва ҷӯйборҳоро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда, саҳми худро дар ободонии як мавзеи шаҳри гузоштанд.