БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 29-уми июл масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумакрасон” таҳти роҳбарии Самизода Санавбар дар назди бинои кории худ шанбегӣ доир намуда, як қатор корҳои ободониро ба анҷом расониданд.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ дар ин шанбегӣ ба тозаю озода намудани гирду атрофи бинои корӣ ва роҳраву гулгаштҳо машғул гардида, онҳоро аз алафу партовҳо тоза намуданд.