САҲМИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ҲАМРОЗИ ХАЛҚ" ДАР ОБОДОНИИ ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Субҳи 29-уми июли соли ҷорӣ аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳамрози халқ" (МБТИ) баҳри тозаю озода нигоҳ доштани як гӯшаи шаҳр шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд. Дар шанбегии мазкур аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ таҳти роҳбарии Ватанзода Хуршед, роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои худрӯй ва ҳар гуна партовҳо тоза намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур яке аз ташкилотҳои фаъол буда, ҳар ҳафта чунин шанбегиҳо доир менамояд ва бо ин кор дар ободонии шаҳр саҳми арзандаи худро мегузорад.