СОАТИ СИЁСӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақшаи Амалиёти муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №5-и шаҳри Бохтар амалиёти муштарак зери унвонии "Соати сиёсӣ" доир гардид.
Дар  “Соати сиёсӣ” намояндаи шуъбаи маориф Алиев Ҷӯрақул ва иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 Сафарова Зебо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суҳбат масъулин дар мавзуҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон",пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷинояту ҷинояткорӣ,
хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм, а аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа” миёни хонандагони синфҳои болои андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда, баланд бардоштани савияи дониш, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, доштани одобу ахлоқи намунавӣ, эҳтиром ба насли калонсол, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва амсоли ин раҳнамоӣ намуданд.