БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ "ОРИЁНО"-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
    Тибқи нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 27-уми май дар Литсейи давлатии “Ориёно” - и шаҳри Бохтар Амалиёти муштарак зери унвонии "Соати сиёсӣ" доир гардид.
Дар ин “Соати сиёсӣ” Насруллоева Шаҳло директори литсейи давлатии "Ориёно"-и шаҳри Бохтар, директори муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Бохтар Муродова Малика ва дигар омӯзгорони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд намуданд.
Амалиёти мазкур дар мавзуҳои - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ;
- Пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷинояту ҷинояткорӣ,
- Хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ва аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа” миёни хонандагони синфҳои болои баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки мақсад баргузори Аммалиёти мазкур, ин тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсӣ онҳо мебошад.