ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар қисми ҳарбии 07256-и Комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Артиши миллии Тоҷикистон, ки баъди соҳибистиқлол гардидани давлатамон таъсис ёфтааст, бе ягон заминаи мероси моддиву техникӣ ташаккулу такомул ёфта, аз имтиҳони сангини таърихӣ гузашт.
Имрўз барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ тамоми шароитҳои моддиву маишӣ фароҳам оварда шуда, ҳамзамон кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ таъмин мебошанд, ки барои омодасозии онҳо баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар омодаанд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро афсарону сарбозон ва дар симои онҳо кулли ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.
Ў таъкид намуд, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишвар баҳри ҳимояи марзу буми Ватан содиқонаву софдилона хизмати Ватан-Модарро адо намуда истодаанд, ки боиси ифтихор аст. Имрўз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муҳайё намудани шароити хуб дар қисмҳои низомӣ хело зиёд аст. Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Имрўзҳо дар сартосари кишварамон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Аз ин лиҳоз, мо- фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд, ки тадбирҳоро ҷиҳати мафкурасозии созандаи насли ҷавон бобати хизмат дар сафи Артиши миллӣ боз ҳам тақвият бахшем. Ҳамчунин, дар идома раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Раҷаб ҳозиринро бори дигар ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид кард, ки хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги тарбия ва обутоби бадан буда, ҷавонон маҳз дар ҳамин ҷода ҷасорату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзишҳои ҳаёт ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизи хешро меомӯзанд. Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили дастхобонӣ, шашкабозӣ ва шоҳмот доир гардида, ғолибони ин озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, як қатор фаъолону афсарони қисми низомии мазкур бо туҳфаҳо ва Сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ меҳмонон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр аз шароити қисми низомӣ дидан намуданд. Инчунин, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии “Танзими нақлиёт” ба афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.
 Дар фарҷом барномаи рангини консертии ташкилоти ибтидоии “Мактаби санъати бачагона”-и шаҳри Бохтар хотири иштирокдоронро болида намуд.