ДАР МАҲАЛЛАИ «ҲАЁТИ НАВ» ҶИҲАТИ РАСОНИДАНИ ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

   Санаи 15 – уми майи соли равон бо сокинони маҳаллаи Ҳаёти нав вохӯрии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Меҳмондӯстзода Ҷумахон баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар вохӯрӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 27- апрели соли равон ба фаъолони вилояти Хатлон баён намуда буданд, ба сокинон расониданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло қайд намуданд, ки вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки бояд сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату Щукуматро тарғибу дастгирь карда, дар зеҳни ҳар як насли наврас ҳисси ватандӯстиро тарбия намоем, ба қадру манзалати сулҳу ващдат бирасем. Қайд гардид, ки имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ноором ба назар мерасад ва мо бояд ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонь ва президентиро самаранок истифода барем ва холь нагузорем. Инчунин, дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд. Меҳмондӯстзода Ҷумахон мудири шуъбаи рушди иҷтмоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ҷиҳати зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар охир аз сокинони маҳалла даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ бирасем, Ватанамонро дӯст дорем ва барои гулгулшукуфоии он ҳиссагузор бошем.