БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ЛИТСЕЙИ ТАМОЮЛИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми апрел дар Литсейи тамоюли технологии шаҳри Бохтар бо иштироки директори литсей Муродзода Комилҷон Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.
Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба
- Ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо,
- Артиши миллӣ сипари боэътимоди миллат ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа”
маърӯзаҳо намуда, қайд намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.
Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамали мукаммал мебошад, ки Пешвои миллат мо- ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Дар пешрафти Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши муҳим доранд, зеро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад.
Пешвои маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса дошта, ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф бештар аст ва сол то сол муваффақиятҳои нав ба нав дар ин самт дида мешавад.