БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми апрели соли 2023 дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Нуров Манучеҳр ва муовинони директори литсей Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.
Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба
- Ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо,
- Артиши миллӣ сипари боэътимоди миллат ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- Хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа” маърӯзаҳо намуда, қайд намуданд, ки
масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукамал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Дар пешрафти Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши муҳим доранд, зеро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад.
Пешвои маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф бештар аст ва сол то сол муваффақиятҳои нав ба нав дар ин самт дида мешавад.