БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ АМАЛИЁТИ МУШТТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ "ОРИЁНО"- И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар асоси амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амалиёти "Соати сиёсӣ" дар Литсейи давлатии "Ориёно"-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Нуралиева Гулбаҳор ва директори литсей Насруллоева Шаҳло дар мавзуъҳои “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, "Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ”, “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.
Амалиёти мазкур ҳар охири моҳ бо иштироки омӯзгорони фаъол, байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузор намудани Аммалиёти мазкур тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсии онҳо мебошад.