АМАЛИ НЕКИ ШАХСОНИ САХОВАТПЕША БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ФИТР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки нафарони фаъол, шахсони саховатпеша дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба шахсони ниёзманд ва барҷомондаи ҷомеа дасти кӯмак мерасонанд.
Амалӣ нек ва хайрхоҳона аз ҷониби шахсони саховатпеша ва Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Бохтар ба таври доимӣ роҳандозӣ мешавад. Ба фарорасии Иди Саиди Фитр аз тарафи шахсони хайрхоҳ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба як қатор оилаҳои маъюб ва ниёзманд, шахсони яккаву танҳо ёрии яквақтаина расонида шуд.

Шаҳрвандон дар охир миннатдории худро пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.