ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
     Имрӯзҳо ҷавонони зиёде ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат, яъне қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо меоранд. Ҳафизов Беҳруз Сафаралиевич яке аз ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик буда, дар доираи ташаббусҳои ҲҲДТ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегардад. Ҳафизов Беҳруз Сафаралиевич ҷавоне мебошад, ки аз овони хурдсолӣ муҳаббати хизмат дар сафи Артиши миллиро дар дили худ мепарварид. Ин ҷавонмарди тоҷик хизматро дар Артиши миллӣ барои худ қарзи ҷонӣ меҳисобад.
     Имрӯз мо дар фазои амну осуда умр ба сар мебарем, гувоҳ он аст, ки фарзандони миллат шабу рӯз марзҳоямонро посбонӣ мекунанд. Ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарфарозист.