БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ АМАЛИЁТИ МУШТТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ № 1-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф амалиёти муштарак таҳти унвони “Соати сиёсӣ” гузаронида шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки амалиёти мазкур яке аз ташаббусҳои ҲХДТ буда, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.
Бо ин мақсад санаи 1- уми апрел дар Литсейи давлатии №-1-и шаҳри Бохтар бо иштироки омӯзгорони фаъол миёни наврасон ва ҷавонон “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои: “Ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», “Сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа” гузаронида шуд.