ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МАРКАЗИ САРАТОНШИНОСӢ”

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 16- уми март дар Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон маҷлиси муассисони ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар — Давлатова Роҳила, директори Маркази саратоншиносӣ дар вилояти Хатлон Қараев Идибек, аъзои ҲХДТ ва кормандони марказ баргузор гардид.
Қараев Идибек директори Марказ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома “Оиди таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон" бо тариқи райъи иштирокдорон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзнома интихоби раис ва шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, Қараев Идибек раис ва Бухориев Зафар шахси масъули ташкилот интихоб гардиданд.