ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАРКАЗИ ТИББИ ОИЛАВӢ" ТАЪСИС ЁФТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 7-уми марти соли равон дар Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маҷлиси мазкур Саидзода Раҳмон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, директори марказ Зиёвидинзода Қувват, аъзои ҲХДТ ва кормандони марказ иштирок доштанд.
Баъди қабули қарорҳо оиди таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва котиби масъул, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, тасдиқи нақша-чорабиниҳо оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ ташкилоти ибтидоӣ "Маркази тиббӣ оилавӣ” номгузорӣ карда шуд.
Дар интиҳо  Саидзода Раҳмон баромад намуда, аввалан ҳозиринро аз номи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба муносибати таъсиси ташкилоти ибтидоӣ муборакбод гуфта, доир ба таърихи таъсис, мавқеи имрӯзаи ҳизб ва дастовардҳои он бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.