ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "СИПАРОНИ ВАТАН" ТАЪСИС ЁФТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷасорат” Баротов Соҳиб, ҷанговарони башардӯст ва собиқадорони ташкилоти ҷамъиятии “Сипарони Ватан” иштирок намуданд.
Дар маҷлис масъалаи таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сипарони Ватан", ки то инҷониб дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷасорат” фаъолият мекарданд, бо дархости худи ташкилоти ҷамъиятии “Сипарони Ватан” дар алоҳида таъсис дода шуд.
Дар охир як қатор собиқадорони фронти халқӣ ва Ҷанговарони башардӯст барои эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Оинномаву Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои дастур ва супоришҳои роҳбарияти ҳизб, ҳамзамон барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ бо туҳфа ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.