БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №2-И ШАҲРИ БОХТАР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25.02.2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи шуъбаи маориф Шовалиева Муҳаббат ва директори муассиса Содиқов Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.
Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
-Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ;
-Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”
-30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
маърӯза намуда, қайд намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.
Дар Паёми Пешвои миллат ҳар як сухане, ки иброз мегардад, як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад.
Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамали мукамал мебошад, ки Пешвои миллат мо- ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Дар пешрафти Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши муҳим дорад, зеро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад.
Пешвои маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф бештар аст ва сол то сол муваффақиятҳои нав ба нав дар ин самт дида мешавад.