ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ТАҲКИМИ НЕРӮИ МУДОФИАВӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба 30- солагии таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3503- Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Бохтар чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Зикрулло Ҳукумов, командири қисми низомии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар полковник Раҳматшозода Алиҷон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҳайати шахсии қисми низомиро ба муносибати 30- солагии таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои масъулияти муҳим, хизмати Ватан-Модар ба онҳо муваффақиятҳо таманно намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, бахусус, давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ин кишварҳо аз артиши пурқудрати собиқ Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Аммо вазъи мураккаби он солҳо имкон надод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади раҳнамоии ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва аксияҳои ҳизбӣ доир гардида истодаанд.                       

Дар идома Баротзода Файзулло- раиси шаҳри Бохтар низ ҳайати шахси қисми низомиро ба муносибати 30- солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳният гуфта, иброз дошт, ки воқеан ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллии кишварамон нақши барҷаста ва бузург доранд.                                  

Пойдорӣ ва устувории пояҳои Артиши миллӣ аз тартибу низоми қатъии афсарону аскарон вобаста мебошад, ки асоси онро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва Оинномаи ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизом ва тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дигар баромадкунандагон доир ба далерию шуҷоатмандии сарбозону афсарони кишвар андешаҳояшонро баён намуданд.           

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон як қатор афсарони қисими низомӣ бо Сипосномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд. Бахшида ба ин сана аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба ҳайати шахсии қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд.