ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ДЕЗИНФЕКСИЯИ ШАҲР"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз санаи 8-уми феврали соли 2023 дар Шуъбаи Дезинфексияи шаҳри Бохтар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори маҷлис Давлатова Роҳила-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзои ҲХДТ ва кормандони ин шуъба иштирок доштанд.                    

Пас аз қабули қарорҳои дахлдор доир ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва котиб маъсул, ташкилоти ибтидоии "Дезинфексияи шаҳр” номгузорӣ карда шуд.               

Дар интиҳои маҷлис Давлатова Роҳила ба сухан баромада, нахуст ҳозиринро аз номи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба муносибати таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоӣ шодбош гуфта, доир ба таърихи таъсис, мавқеи имрӯзаи ҳизб ва дастовардҳои он бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар кард.