ЗАНОН - НЕРӮИ ПЕШБАРИ ҶОМЕА!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани шаҳр, субҳи имрӯз аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кумакрасон" (Маркази хизматрасонии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар), ки аксарияти онҳоро занон ташкил медиҳад, дар кӯчаи Борбади шаҳри Бохтар 30 адад дарахтони ҳамешасабзи сузанбарг, таҳти роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоӣ Турахонова Заррина шинонида шуд.                                            Ёдовар мешавем, ки ташкилоти ибтидоии "Кумакрасон" яке аз ташкилотҳои фаъол ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона ширкат меварзанд. Ин иқдоми роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ боиси ибрат аст.

https://hkhdtkhatlon.tj/bokhtar/view-news.php?view=16159